ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Пешниҳоди ҷангиён дар "Азовстал" барои иваз кардани сокинони мулкӣ бо ғизо рафтори хоси террористҳост.
Дар ин бора Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия дар саҳифааш дар "Telegram" баён дошт.
"Рафтори маъмурии террористҳост... Наход ҳанӯз барои касе рӯшан набошад, ки сарбозону афсарони мо дар Украина бо кӣ сарукор доранд", - навиштааст ӯ.
Володин таъкид намуд, ки ҷангиён нахуст одамонро ба қаламрави корхона ворид намудаанду акнун талош доранд, онҳоро бо ғизо иваз кунанд.
Ба гуфтаи роҳбари Думаи давлатии Русия, "Азов"* ҳаёти як инсонро баробар ба 66,6 кило ғизо баҳогузорӣ кардааст.
Ахиран РИА "Новости" аз қавли манобеяш хабар дод, ки нозиён ба ивази сокинони мулкии дармонда дар "Азовстал" ғизо ва доруворӣ талаб доранд. Таъкид шудааст, ки онҳо ҳушдор додаанд, ҳеҷ каси дигарро иҷозат намедиҳанд, берун шаванд ва акнун танҳо онҳоро иваз мекунанд.
Ҳоло, ба иттилои манбаъ, дар таҳхонаҳои корхона беш аз 200 шаҳрванди осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон метавонанд бошанд.
Нерӯҳои Русия ва ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд. 21 апрел Шойгу эълом дошт, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи баталони миллатгарои "Азов"* дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд. Президент Владимир Путин фармон дод, ки ҳамла ба минтақаи саноатӣ қатъ карда шавад, аммо тавре муҳосира шавад, ки пашша нагузарад.
Миллатгароён дар ин корхона шаҳрвандони осоиштаро нигоҳ медоранд, ки нерӯҳои Русия барои раҳоии онҳо долонҳои башардӯстона мекушоянд.
Тайи рӯзҳои охир зиёда аз сад нафар аз “Азовстал” берун оварда шуданд. Ҳамзамон ҷониби Украина режими хомӯширо вайрон кард, воҳидҳои артиши Русия ва ҶМД маҷбур шуданд, мавқеъҳои тирандозиро пахш кунанд.
* Баталони "Азов"*, ки шомили нерӯҳои мусаллаҳи Украина мебошад, экстремистӣ эътироф шуда дар Русия мамнуъ буда, алайҳи ҷангиёнаш парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаст.