Сафир: Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад

Равобити Тоҷикистону Русия чӣ гуна аст ва дар шароити тағйири вазъи геополитикӣ чӣ гуна хоҳад шуд? Кишварҳо дар соҳаи муҳоҷират ба чӣ ноил шудаанд?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Моҳи апрели соли 2022 Тоҷикистону Русия марҳалаи 30-солаи барқарории муносибатҳои дипломатиро пас сар карданд.
Русия шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ буда, дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлатии кишварро эътироф кард.
Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон – ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират дар суҳбат бо "ИмрӯзNews" сухан гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирати корӣ ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд ва ҳам барои корфармоёни рус ҷолиб боқӣ мемонад.

"Захираҳои корӣ аз Тоҷикистон то ҳол дар Русия, бахусус дар Сибир ва Шарқи Дур талабот доранд. Дар ин минтақаҳо, пеш аз ҳама кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, намояндагони касбҳои баландихтисос намерасанд",- зикр кард сафир.

Корҳои муштарак оид ба татбиқи созишномаи моҳи апрели соли 2019 имзошуда идома доранд.
Дар он созишномаҳо оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия, ташкили маркази омодасозии ҳуҷҷатҳо барои дарёфти муҷаввизи кори Русия дар Тоҷикистонро, чуноне ки аллакай дар Ӯзбекистон анҷом дода шудааст, дар бар мегирад, қайд кард Лякин-Фролов.
Ба гуфтаи вай, як бастаи асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷират мунтазири тасвиб аст.
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Сафир қайд кард, ки минтақаҳои Русия низ дар ҷалби қувваи корӣ хеле фаъоланд.
Дар ҳамин ҳол дар Душанбе намояндагии маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират, ки масъулияти додани патенти меҳнатӣ барои Маскав ва вилояти Маскавро ба уҳда дорад, ифтитоҳ мешавад.
Маълум аст, ки чанде пеш як ҳайат аз вилояти Самара ба пойтахти Тоҷикистон сафар карда буд. Ин вилоят ба зиёд шудани ҷараёни муҳоҷирати мустақим аз ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ дар Бритониё
Барои дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони пандемияи коронавирус дар Русия қарор гирифтаанд, тадбирҳои зиёде андешида шуданд.
Ҳамин тариқ дар кишвар як маъракаи васеъмиқёси қонунигардонӣ гузаронида шуд, ки ба шарофати он бисёре аз муҳоҷирон дар ниҳоят ба таври қонунӣ дар Русия ба кор шуруъ карданд, таъкид кард Лякин-Фролов.
Илова бар ин барои 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба қонуншикании маъмурӣ даст задаанд, манъи вуруд лағв шуд.
Коршинос гуфт, ки чаро муҳоҷирони корӣ Русияро интихоб мекунанд
Дар маҷмуъ, ҳамкориҳои муҳоҷиратии Тоҷикистону Русия бо хусусияти дарозмуддат ва судманди мутақобилан фарқ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисоди Русия саҳми арзанда гузошта, дар навбати худ оилаҳои худро дар ҷумҳурӣ бо пули нақд таъмин мекунанд.