Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Русия доруи зидди коронавирус сабти ном шуд

Вазорати тандурустии Федератсияи Русия доруи зидди коронавирусеро таҳти унвони "Миробивир", сабти ном кард. Ин дуюмин ҳабб алайҳи коронавирус дар Русия мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Федератсияи Русия доруи зидди коронавирус - "Миробивир"-ро ба қайд гирифтааст.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба маълумоти феҳристи давлатии доруворӣ хабар медиҳад.

"Номи тиҷоратии дору: "Миробивир". Рӯзи бақайдгирии давлатӣ: 05.04.2022", - омадааст дар ҳуҷҷат.

Компоненти асосии фаъоли дору: нирматрелвир + ритонавир. Нишондод барои истифодаи ин ҳаб, табобати сабук ё муътадили COVID-19 барои калонсолон мебошад.
Бояд гуфт, моҳи апрел Вазорати тандурустии Русия як доруи дигар бар асоси нирматрелвир ва ритонавири "Скивира"-ро сабти ном кард.

Вазъи коронавирус дар Русия

Рӯзҳои охир дар Русия афзоиши мубталоёни коронаврус қайд мешавад.
Ба иттилои Ситоди мубориза бо паҳншавии коронавирус, шумораи бистаришудаҳо аз ин маризӣ дар муқоиса бо рӯзи қабл зиёда аз 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар як шабонарӯз дар беморхонаҳои Русия 3 ҳазору 248 гирифтори коронавирус бистарӣ шуданд, ки дар қиёс бо рӯзи пешӣ 132,3% зиёд мебошад.
Дар иёлати Гуҷароти Ҳиндустон штамми нави коронавирус
Дар маҷмуъ 5 ҳазору 11 нафар гирифтори COVID-19 тайи як шабонарӯз дар ин кишвар ба қайд гирифта шуд.
Инчунин бар асари ин маризӣ 139 нафар фавтид. Шифоёфтаҳо 8 ҳазору 723 нафар будаанд, ки ин теъдод дар қиёс бо нишондоди 4 июн 30,9% зиёд мебошад.
Авҷи коронавирус дар Пекин кори нақлиёти ҷамъиятиро масдуд мекунад
Афзоиши бистаришавии гирифторони коронавирус дар 66 минтақа сабт гардида, дар 12 минтақа вазъият бетағйир боқӣ мондаст.
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко ҳушдор дод, моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд.