ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар саросари Тоҷикистон боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст, хабар доданд масъулини Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар баробари борон дар Суғд, Хатлон, Душанбе ва навоҳии тобеи марказ раъдубарқ низ пешгӯӣ мегардад.
Дар ВМКБ танҳо боронҳои кутоҳмуддат бидуни раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар мавриди вилояти Суғд зикр шудаст, ки ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва ҳамчунин раъду барқ ба амал меояд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Хатлонро низ ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар пеш аст. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ бооронҳои бошиддат ва сар задани раъду барқ пешгӯӣ шуда, шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.