Олмон хостори ихроҷи сафири Украина шуд

Изҳороти аз ҷиҳати сиёсӣ нодурусти намояндаи дипломатии Киев вокуниши шадиди элитаи сиёсии Олмонро ба бор овард. Сиёсатмадорон мехоҳанд, ӯро аз ин кишвар биронанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Сиёсатмадорони олмонӣ ба ҳимояти садри аъзами Олмон Олаф Шолс бархоста, хостори ихроҷи сафири Украина Андрей Мелник аз ин кишвар шуданд.
Як рӯз пеш намояндаи Киев гуфт, Шолс худро "ранҷида вонамуд мекунад", ки ба далели лағви сафари раисҷумҳур Франк-Валтер Штайнмайер ба Украина аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кардааст.
Вакили Бундестаг Севим Дагдален дар "Twitter" хостори ихроҷи ин дипломат аз ин кишвар шуд.
"Ҳар касе, ки ҳоло ҷонибдори натсизм - Мелникро берун накунад, эҳтироми худро аз даст додааст", - навиштааст вай.
Дар навбати худ ноиби президенти Ҳизби озоди демократӣ Волфганг Кубитски низ ба таҳқири канслер вокуниш нишон дод.
"Олаф Шолтс ҳасиб нест, вай садри аъзами Олмон аст ва Мелник бояд ба ин эҳтиром гузорад", - гуфт ин сиёсатмадор.
Аврупоиҳо дар нисбати гурезагон дигар на сабр доранду на пуле барои онҳо
Вакили дигари Бундестаг Иоганн Вадефул гуфт, лаҳни сафири Украина ғайриқонунӣ ва номуносиб аст, зеро он ба таҳкими ҳамбастагӣ бо Киев мусоидат намекунад.

"Ҳатто дар чунин вазъияти душвор ҳам намояндагони дипломатӣ бояд нисбат ба мақомоти олмонӣ дуруст рафтор кунанд. Изҳороти Мелник ба Украина кумак намекунад", - гуфт ӯ.

Ин бори аввал нест, ки сафири Украина бо изҳороти ғайридипломатӣ баромад мекунад. Ҳамин тавр аз оғози амалиёти вижаи Русия ӯ борҳо аз Берлин талаб кардааст, ки ба Киев силоҳ диҳад ва Иттиҳодияи Аврупоро барои ҷараёни заифи ҳалли масъалаи эмбаргои энержӣ интиқод кардааст.
Дар Олмон аз фурӯши газ бо рубл ҷонибдорӣ карданд
Илова бар ин Мелник раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайерро дар робитаи наздик бо Маскав муттаҳам карда буд.
Матбуоти Олмон бештар ба изҳороти сафир таваҷҷуҳ карда, ба нотавонбинии ӯ таъкид мекунанд.