ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори офатҳои табиӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад.
Навбатдории шабонарӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо таъсиси ситоде то 10 май ташкил мешавад.
Ин андешаро муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода зимни баргузории ҷаласаи ситоди минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб баён доштааст, хабар медиҳад дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, ки ҷаласаи мазкур дар асоси барқияи Ҳукумати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳушдори Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба эҳтимоли омадани сел ва бориши шадид дар ҷумҳурӣ баргузор гардидааст.
Қурбонзода гуфтааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ҳолати омодабош бошад.
"Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносӣ, 3-5 май бориши борони шадид ва омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар назар аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои пешгирии ин ҳодисаҳо тамоми қувваро ба кор барад", - гуфтааст ӯ.
Дар ин росто роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят вазифадор гардиданд, ки обраву ҷӯйборҳои назди идораву муассисаҳояшонро тоза карда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд ва назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад. Оид ба корҳои анҷомдода ба ситод маълумот пешниҳод намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз номусоидии ҳаво то 6 май дар саросари кишвар ҳушдор дод.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон шамол сахту тунд мевазад.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки боронҳои шадид метавонанд сабабгори рониши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир ва мардум бояд дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.
Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат дода намешавад.