Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кремл овозаҳо дар бораи эҳтимоли эълони басичсозӣ дар Рӯзи ғалабаро "сафсата" хонд

Ҳафтаи гузашта вазири дифои Бритониё дар шабакаи телевизионии LBC гуфт, ки Путин гӯё қасд дорад дар Рӯзи ғалаба дар Русия сафарбаркунии умумӣ эълон кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков даъват кард, ки ба гузоришҳои нашрияҳои ғарбӣ дар бораи эҳтимоли эълони сафарбаркунии умумӣ дар Русия 9 май гӯш надиҳад, менависад РИА Новости.
"Ин дуруст нест, ин сафсата аст", - гуфт Песков.
Ҳафтаи гузашта вазири дифои Бритониё дар суҳбат бо шабакаи телевизионии LBC гуфт, ки гӯё, Владимир Путин қасд дорад дар Рӯзи ғалаба дар Русия сафарбаркунии умумӣ эълон кунад.
Чунин маълумотро рӯзномаи бритониёии Daily Mail ва шабакаи телевизионии амрикоии CNN паҳн кардаанд.
Шойгу гуфт, ҳар нақлиёти НАТО бо силоҳ барои Украина метавонад ҳадафи зарба бошад
Песков ҳамчунин хабарҳои расонаҳои ғарбиро дар бораи он, ки Путин рӯзи 9 - май, аз оғози ҷанг бо Украина эълон мекунад, сафсата номид.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомии Украинаро ба манзури безараргардонӣ ва нозизудоӣ оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Намоиши беназири ҷангандаҳои Русия дар фазои Маскав: видеои диданӣ
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нирӯҳои Украина зарба мезанад ва рӯзи 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом доданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар Вазорати дифоъ, озодкунии Донбасс номида шуд.