Изҳороти ҷониби Ӯзбекистон дар бораи тирпаронӣ дар марз бо Афғонистон

Бархе расонаҳо дар бораи муноқиша дар марзи ду кишвар, ки дар ҷараёни он низомиёни нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон захмӣ ва ҳалок шудаанд, гузориш додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабари бархӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод. Дар ин бора изҳороти расмии ин ниҳод нашр гардид.
Қаблан бархе аз расонаҳои Афғонистон дар бораи тирпаронӣ дар марзи ду кишвар иттилоъ пахш карда буданд. Хабарнигорон таъкид кардаанд, ки дар натиҷаи муноқиша низомиёни нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон захмӣ ва ҳатто як тан аз онҳо ҳалок шудааст.
Ин ниҳод дар изҳороти расмияш гуфтааст, хабарҳое, ки бо такя ба манобеи афғонӣ дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ шаби 4 майи соли 2022 нашр шуд, воқеият надоранд
"Мо изҳор медорем, ки маълумоти паҳншуда дуруст нест. Вазъият дар сарҳад ором боқӣ монда, ҳифзи марзҳои ҷанубӣ ба таври маъмулӣ идома дорад", - афзудааст ин ниҳод.
Намояндаи расмии ҳукумати муваққати Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ хабарҳоеро, ки дар сомонаҳои мухталифи интернетӣ мунташир шудаанд, такзиб карда, онҳоро дурӯғ ва беасос хонд, омадааст дар изҳороти ВКХ Ӯзбекистон.
Вазорати дифои Ӯзбекистон ба сарусадоҳо дар бораи Афғонистон посух дод
Қобили зикр аст, ин бори аввал нест, ки дар бораи вазъ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон гузоришҳои норӯшан нашр мешаванд.
Қаблан як қатор шабакаҳои "Telegram" ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро нашр карда буданд, ки дар он ҷангҷӯён дар Афғонистон ба сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, дар наздикии шаҳри Тирмиз мушак партоб мекунанд.
Дере нагузашта котиби матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов гуфт, ки ин хабар комилан нодуруст аст.
Баъд намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати нави Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ низ ин гуна иттифоқотро рад карда ва онро сарусадо хонд.