Ҳушдори КҲФ аз хатари фаромадани сел дар минтақаҳои Кӯлобу Суғд

Мақомоти зирабти Тоҷикистон мегӯянд, феълан дар минтақаҳое, ки хатари фаромадани сел дар он ҷо пешгӯӣ мешавад, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон то рӯзи 6 май ҳаво номусоид шуда, фаромадани сел пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ин ниҳод бо такя ба Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то ду рӯзи оянда боронгариҳои шадид ва хавфи фаромадани сел мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ба ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ таҳдид мекунад.
Омодабош: навбатдории шабонарӯзии "раисон" дар Хатлон барои пешгирӣ аз селу тарма
Аз ин рӯ ҳоло кормандони КҲФ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ кардан аз оқибатҳои харобиовари сел, ҳифзи соҳилҳо ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хавфноки обанборҳо, дарёҳо ва каналҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мегузаронанд.
Манбаъ меафзояд, дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ корҳои пешгирикунанда гузаронида шуданд.

"Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои поксозии таҷҳизотҳои гидротехникӣ ва иншооти обгузар аз ҳар гуна партобҳо анҷом дода шуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол миёни сокинон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ сурат гирифта, аз мардум даъват мешавад, ки барои роҳ надодан ба вайрониҳо бар асари омадани сел сари вақт ҷӯйборҳои назди хонаву заминҳои киштро тоза кунанд.