ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Илон Маск метавонад, кори шабакаи иҷтимоии "Twitter"-ро бадтар кунад, иттилоъ дод хабаргузории РИА "Новости" аз қавли бунёдгузори ширкати "Microsoft" Билл Гейтс.
Ба иттилои манбаъ, Гейтс метавонад вазъро бадтар кунад. Таъкид шудааст, ки ин нуктаро бунёдгузори "Microsoft" дар як чорабинии "Wall Street Journal" барои шӯрои мудирони ширкатҳо баён доштаст.
Ӯ изҳор доштааст, то охир маълум нест, ки Маск бо шабакаи иҷтимоӣ чӣ кор карданист, чун таҷрибаи хариди шабакаҳои иҷтимоиро надорад.
"Дар бораи худи Маск чизе ҷуз суханҳои нек гуфтан наметавонам. Агар вай "Twitter"-ро бадтар кунад, ман дар ин бора ошкоро хоҳам гуфт", - илова намуд Гейтс.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан аз созиш барои хариди "Twitter" аз сӯйи Илон Маск ба ивази 44 млрд доллар хабар дода шуда буд.
Соҳибкор тавзеҳ дод, ки бо харидории ин шабакаи иҷтимоӣ мехоҳад, онро ба пойгоҳи воқеии озодии баён дар тамоми ҷаҳон табдил диҳад.
Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар ин робита изҳор дошт, ки тағйирот дар сиёсати "Twitter" дар сурате имконпазир аст, ки агар он аз доираи ҳуқуқии амрикоӣ хориҷ шавад.
"Харидуфурӯши шабакаҳо бо пули калон, вақте ба ҷои як молик дигаре меояд, чизеро тағйир намедиҳад. Чун ҳоло на танҳо соҳибон қоидаҳои кори онҳоро муайян мекунанд", - афзуд ӯ.
Вай изҳори бовар намудааст, ҳеҷ шабакаи иҷтимоӣ қодир нест, авзои давлатеро, ки дар қаламрави он сабт шудааст, сарфи назар намояд.
Ба ҳамин далел Медведев таъкид намудааст, ки "Twitter" тағйир намеёбад, демократитару боадолаттар нахоҳад шуд. Вай ягона шарти тағйиротро хориҷ шудани шабака аз ҳадди амали қонунгузории ИМА хондааст.