Қатъи обрасонӣ дар 9 маҳаллаи Душанбе: кадом ва то кай?

Қисмати зиёди пойтахти Тоҷикистон рӯзи 4 май якбора беоб монд. КВД "Обу корези Душанбе" сабаб ва замони барқарор шудани интиқоли обро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сокинон ва меҳмонони 9 маҳаллаи шаҳри Душанбе барои як шабонарӯз беоб монданд.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" дар саҳифаи расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

"Рӯзи 4 майи соли равон бинобар рух додани садама дар шоҳқубури дм 500 мм А. Навоӣ, назди маркази савдои "Релакс" интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки интиқоли об барои 9 минтақаи пойтахт маҳдуд мешавад.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши ин ниҳод, сокинони шаҳракҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор бе оби ошомиданӣ мемонанд.
Дар ин рӯзҳо сайёҳат ва замбурӯғчинӣ наравед: ҳушдори КҲФ аз борони шадиду боди тунд
Ҳамчунин, дар маҳаллаи Авул ва шаҳракҳои 83, 84, 103 ва 104 фишори об паст мешавад.
КВД "Обу корези Душанбе" афзуда, ки мутахассисони корхона давоми рӯз садамаро бартараф хоҳанд кард.