Садама бартараф шуд: ба маҳаллаҳои Душанбе об омад

Масъулони корхонаи "Обу корези Душанбе" мегӯянд, интиқоли об ба хонаҳои чор- панҷошёна таъмин гардид ва ба биноҳои баландошёна низ об хоҳад омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Садамаи дар шоҳқубури дм 500 мм, ки рӯзи 4 май нӯҳ маҳаллаи шаҳри Душанберо бе об гузошт, бартараф шуд. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанюе" ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ афзуда, ки "феълан садама бартараф гардид ва об дар қубурҳо ҷорӣ шуд".
Ин ниҳод зикр намуд, ки алъон танҳо биноҳои чор ва панҷошёна бо об таъмин ҳастанд. Дар идома тавзеҳ доданд, ки дар зудтарин фурсат интиқоли об ба биноҳои баландошёна низ таъмин хоҳад шуд.
Қатъи обрасонӣ дар 9 маҳаллаи Душанбе: кадом ва то кай?
Қаблан ин корхона хабар дод, ки қисмати зиёди пойтахт рӯзи 4 май якбора беоб монд.
"Рӯзи 4 майи соли равон бинобар рух додани садама дар шоҳқубури дм 500 мм А. Навоӣ, назди маркази савдои "Релакс" интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши ин ниҳод, сокинони шаҳракҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор бе оби ошомиданӣ монданд.
Ҳамчунин, дар маҳаллаи Авул ва шаҳракҳои 83, 84, 103 ва 104 фишори об паст шуда буд.