ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш дар Тоҷикистон наздики 70%-ро ташкил медиҳад, хабар додаст "Ховар" аз қавли Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа, зимни ҷамъбасти даъвати беш аз якмоҳаи наваскарон дар ҷумҳурӣ изҳор доштаст, ки дар нахустин рӯзи ин маърака аввалин шуда ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш дод.
Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат дар рӯзҳои нахустин ба анҷом мерасонад, изҳор доштаст Маҳмадализода.
"Чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд", - изҳор доштаст сухангӯи вазорат.
Вай ҳамчунин аз раванди даъвати наваскарон дар навоҳии тобеи марказ тавсиф карда, илова намудаст, ки аллакай ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.
"Дар Хатлон ноҳияҳои Н.Хусрав, Ш.Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят қариб ба 70 фоиз баробар намуданд", - таъкид кардаст манбаъ.
Дар Суғд давоми як моҳ нақшаи даъват 55% иҷро шуда, шаҳру навоҳии Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аллакай ба сомон расондаанд.
Таъкид шудаст, ки омори як моҳи ҷараёни даъвати наваскарон нишон дод, ки теъдоди ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва дорои маълумоти олӣ баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки соли равон Вазорати маорифи Тоҷикистон иҷозат дод, то имтиҳоноти хатми донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмат кунанд, пеш аз муҳлат супорида шаванд.
Дар Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимӣ як соли хидмати ҳарбӣ муқаррар шудааст.