ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ҷониби Украина низоми хомӯшӣ дар "Азовстал"-ро нақз кард, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба намояндаи нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Донетск.
Ба иттилои манбаъ, ҷониби Украина аз қаламрави "Азовстал" ба сӯйи мавқеи нерӯҳои ҶХД оташ кушод.
"Ночор чораҳои ҷавобӣ андешида шуданд. Аз масъулият барои ҷиноятҳои кардаашон метарсанд", - изҳор доштааст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд.
Аз ҷумла рӯзи 30 апрел 21 нафар корхонаро тарк карда ва ҳамчунин 25 нафари дигар аз хонаҳои дар наздикии корхона воқеъбуда баромаданд. Рӯзи 1 май, боз 80 шаҳрванди дигар аз ҳудуди корхона наҷот дода шуданд, ки бо хобгоҳ, ғизо ва кумаки зарурии тиббӣ таъмин карда шуданд.
Аз ин 11 нафар тасмим гирифтаанд, ки дар қаламрави ҶХД бимонанд ва 69 нафар ба қаламрави таҳти назорати мақомоти Киев бираванд. Онҳо ба намояндагони СММ ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх супурда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯёни гурӯҳи миллатгароёни "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв карда шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод карда шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.