Мақомот: Аз оғози татбиқи қонуни танзим шаҳрвандон миллиард сомонӣ сарфа карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар тайи 15 соли татбиқи қонуни танзим беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар ин бора ахиран дар як ҷаласае, ки дар Хадамоти гумрук Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Маркази исломшиносӣ кишвар Азизулло Мирзозода, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот баргузор гардид, зикр шуд.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки аз оғози татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи ҳисоботи мақомоти ваколатдор аз ҳисоби ба низом омадани маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо, ихтисори якчанд маъракаҳои такрорӣ дар маҷмӯъ беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.
Раҷаббой аз сокинони Суғд хост дастархони серхарҷ ороста накунанд
Ҳамзамон сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён афзудааст, ки “беш аз понздаҳ соли амалишавии Қонуни танзим дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳаввулоти бузурги фикрӣ ба вуҷуд омадааст, ки сабаби решакан гардидани бисёр амалҳои хурофотӣ гардидааст.
“Аммо ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои номатлуб миёни қишрҳои ноогоҳи ҷомеа барҷой мондаанд, ки боиси нигаронист”, - гуфт Ӯ.
Оқои Муродиён зикр кардааст, ки хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз миёни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст аст.
"Дар атрофи давлати худ муттаҳид шавед" - дар намози ид чӣ гуфтанд?
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ҳадафи қонуни танзим ин баланд бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон аст.
“Бо гузашти 15 сол аз қабул ва татбиқи ин қонуни миллӣ он то андозае ба ҳадафҳои худ расид”, - қайд карда шуд дар ин ҷаласа.
Дар ин ҷаласса таъкид карда шуд, ки тибқи дар ин қонун ба шаҳрвандон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, аммо мутаассифона, то ҳоло аз ҷониби як теъдод ҳамватанон ин амали носавоб ба мушоҳида мерасад.