Фаронса аз низоми нави ҷаҳонӣ баъд аз таҳримҳо алайҳи Русия мегӯяд

Рӯзномаи Le Figaro навиштааст, ки низоми ҷаҳонии имрӯза ба далели ҷори кардани таҳримҳо алайҳи Русия дар ҳоли суқут кардан қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Рӯзномаи Le Figaro навиштааст, Русия баъд аз ҷорӣ кардани таҳримҳо аз сӯйи кишварҳои Ғарб маҷбур шуд низоми байнулмилалиро тарк кунад ва ин иқдом боиси аз байн рафтани тавофуқи байнулмилалӣ хоҳад шуд, ки дар даҳсолаҳои охир ба вуҷуд омада буд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Русияи озод шарикони худро эҷод мекунад, ки нисбат ба кишварҳои Ғарб бо сабаби эҳтимол пайвастан ба он Чин ва аксари кишварҳои дигари ҷаҳон қудратмандтар хоҳад буд", - гуфта мешавад дар ин мақола.
Ҳамзамон илова карда шудааст, ки пас аз анҷоми низоъ дар Украина, масъалаи тағйр додани тартиботи ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Ин рӯзнома хулоса мекунад, ки дар ҳоле ки Ғарб дар бораи ҷаҳонишавии бештар муассир орзу мекард, Маскав ва Пекин роҳи дигари муносибатҳои байналмилалиро дар асоси бартарии кишварҳоро баррасӣ доранд.
Путин муҳлати қайди ӯзбекистониҳоро дар Русия баробар ба тоҷикистониҳо кард
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринозомисозии Украина, Ғарб фишори таҳримиро алайҳи Маскав афзоиш дод.
Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Бархе аз ширккатҳо ва брендҳои хориҷӣ аз хуруҷ шудани худ аз бозори Русия хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия таҳримҳои нави Ғарбро ҷанги иқтисодӣ номид, аммо таъкид кард, ки мақомот ба чунин иқдоми кишварҳои ғайридуст омода буданд.