Гузориши аксӣ аз таҷлили Иди саиди Фитр дар ҷаҳон

Мусалмонони кишварҳои ҷаҳон бо одатҳои хос Иди Рамазонро пешвоз мегиранд. Аксҳои таҷлили ин идро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон аз гузориши аксӣ пайгирӣ кунед
Sputnik
1 / 12

Намози ид дар масҷиди шаҳри Маскав

2 / 12

Як зани мусалмони ироқӣ намози бомдодии Иди Фитрро, ки ба поёни моҳи шарифи Рамазон бахшидааст, дар оромгоҳи Шайх Абдулқодир ал-Килонӣ дар пойтахти Бағдод, рӯзи 2 майи соли 2022 адо мекунад.

3 / 12

Намози ид дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир ал - Аҳмад дар шаҳри Кувайт хонда шуд

4 / 12

Иди саиди Фитр дар Макасар бо андешидани чораҳои амиқи амниятӣ баргузор гардид

5 / 12

Иди Фитр дар Покистон. Занони ба хотири таҷлили ин ид дастони худро ҳинобандӣ мекунанд

6 / 12

Дар Фаластин низ мусалмонон намози идро хонданд

7 / 12

Дар Афғонистон, ки рӯзҳои ахир инфиҷорҳои шадид дар масоҷид сурат гирифта буд, намози ид бидуни ягон ҳодисаи нохуш анҷом ёфт. Ба таъмини амнияти намозгузорон махсусан диққат дода шуд

8 / 12

Дар маркази Бейрути Лубнон намози ид ҷамъбаст шуд ва мардон ба ҷамъ овардани қолинҳо шурӯъ намуданд

9 / 12

Мусалмонони Австралия низ пас аз адои намоз ҳамдигарро бо Иди саиди Фитр табрик мекунанд

10 / 12

Занон пас аз намози бомдод дар Бунёди Маркази исломии Тайланд ҳангоми таҷлили Иди Фитр, ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар Бангкок, 2 майи соли 2022 акс мегиранд

11 / 12

Мусулмонон дар рӯзи аввали Иди Фитр дар назди масҷиди барҷастаи таърихии Оя София дар Истанбул намоз мегузоранд

12 / 12

Дар Масҷиди ҷомеи Маскав низ намози ид баргузор шуд, ки дар он садҳо муҳоҷирон иштирок доштанд