Путин муҳлати қайди ӯзбекистониҳоро дар Русия баробар ба тоҷикистониҳо кард

Раисҷумҳури Русия қонуни федералиро ба тасвиб расонд, ки шароити қайди иқомати шаҳрвандони Ӯзбекистонро дар ФР сабуктар мегардонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Муҳлати сабти шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русия тамдид карда шуд. Тағйирот ба қонунгузориро дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба тасвиб расонд.
Бар асоси ин санад, ӯзбекистониҳо давоми 15 рӯз аз сабти ҳатмӣ дар ҷои иқомат баъди вурудашон ба Русия озод мешаванд. Феълан ӯзбекистониҳо уҳдадоранд, давоми 7 рӯзи аввали ҳузур дар Русия худро ба қайд гиранд.
Муҳлати сабт барои русиягиҳо дар Ӯзбекистон 3 рӯз буд, ки интизор меравад, он ҳам то 15 рӯз тамдид гардад.
Ҳамин тариқ шароити сабти шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қоидаҳои сабти марбути шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баробар гардид.
Ҷабборов гуфт, Русия бо буҳрони муҳоҷират рӯ ба рӯ намешавад
Феълан шаҳрвандони Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон уҳдадоранд тайи 15 рӯзи вурудашон ба Русия худро дар қайд монанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, гуфт ниҳодашон сари тарҳе кор дорад, ки муҳлати ягонаи қайдро барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар мекунад.
Аз ҷумла пешниҳод мегардад, ки хориҷиён давоми 30 рӯз дар макони иқоматашон худро ба қайд гиранд, тавзеҳ дод ӯ.
Феълан шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо уҳдадоранд, давоми 7 рӯз баъди омаданашон ба Русия дар мақоми муҳоҷиратӣ сабти иқомат кунанд. Дар сурати қабули лоиҳа интизор меравад, ки муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои ҳамаи хориҷиён якхела - 30 рӯз муайян карда шавад.
Казакова бовар дорад, ки ба ҳамин восита метавон ҷолибии Русияро барои муҳоҷирон бештар кард.