Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳамлаи ҳавоии Украина ба як рустои вилояти Брянск

Мавҷи таркиш қисми яке аз биноҳои технологии терминали нафтро хароб кард, снаряди дуюм ба обекти дигар бархӯрда, сӯрохие аз худ боқӣ гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Системаҳои зиддиҳавоии Русия иҷоза надоданд, ки ҳавопаймои нерӯҳои Украина ба қаламрави Русия ворид шавад.
Дар ин бора губернатори вилояти Брянск Александр Богомаз хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи ин ду снаряд ба шаҳраки Жеча дар ноҳияи Стародуби вилояти Брянск афтод.
Ба гуфтаи раиси вилоят, бар асари ҳодисаи изтирорӣ касе ҳалок нашудааст.
"Субҳи имрӯз, соати 6:50 аз ҷониби системаҳои зиддиҳавоии Русия як ҳавопаймои нерӯҳои Украина ошкор карда шуд. Ҳангоми иҷрои амалҳо барои пешгирии вуруди объект ба қаламрави Русия, 2 снаряд ба деҳаи Жечаи ноҳияи Стародубский афтид", - навиштааст губернатор дар канали Telegram-и худ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мавҷи таркиш ба қисми яке аз биноҳои технологии терминали нафт осеб расонидааст. Ва снаряди дуюм ба обекти дигар задааст.
Лавров: Амалиёти вижа дар Украина барои раҳоии ҷаҳон аз таъсири Ғарб мусоидат мекунад
Аз оғози амалиёти низомии Русия манотиқи марзӣ аз ҷониби Украина пайваста тирборон карда мешавад. Мақомот дар бисёр минтақаҳо сатҳи баланди таҳдиди террористиро ҷорӣ кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба сӯи биноҳои истиқоматӣ дар Климовои вилояти Брянск тирандозӣ кардаанд.
Он замон ҳафт нафар, аз ҷумла як зани ҳомиладор ва як кӯдак ҷароҳат бардоштанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби вилояти Чернигов нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба гузаргоҳи автомобилии Новие Юрковичӣ аз миномётҳо тир холӣ карданд.
Изҳороти тунди Қодиров дар бораи Украина
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.