ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сармояи трансмиллӣ аз буҳрони Украина даромади бузург ба даст овард ва ба ҳамин хотир онҳо хостори афзоиши низоъ дар ин кишвар ҳастанд, навиштааст профессори фахрии ҷомеашиносии Донишгоҳи Калифорнияи Санта Барбара (ИМА) Вилям И. Робинсон дар сомонаи "Rebelión".
Ба ақидаи вай, вазъияти пурташвиш дар Аврупои Шарқӣ маблағгузорӣ ба бахши низомиро дар ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш дода, тавлидкунандагони силоҳро сарватманд кардааст.
"Саҳмияҳои ширкатҳои низомӣ ва ҳифозатӣ ба таври назаррас боло рафтанд. Дар ду ҳафтаи аввали муноқиша саҳмияҳои "Raytheon" 8%, "General Dynamics" 12%, "Lockheed Martin" 18%, "Northrop Grumman" 22% афзуданд. Дар ҳамин ҳол саҳмияҳои ширкатҳои низомӣ дар Аврупо, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо дар пасманзари афзоиши хароҷоти низомии ҷаҳонӣ болоравии шабеҳро нишон медиҳанд. Ба гуфтаи як мушовири "Boeing", "General Dynamics", "Lockheed Martin" ва "Raytheon Technologies", рӯзҳои хушбахтӣ барои саноати ҳарбӣ баргаштаанд", - гуфт Робинсон.
Муаллифи мақола ёдовар шудааст, ки ҳанӯз дар соли 2019 ширкати RAND "Corporation", як маркази таҳқиқотӣ ва машваратии Пентагон ҳадафи худро эълон карда буд.
Ин ширкат гуфта буд, ки бо истифода аз осебпазирӣ ва нигарониҳои Маскав ба артиш ва иқтисоди ин кишвар фишор оварда мешавад, то эътибори режим дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш ёбад. Қарор буд, ин кор бо роҳи тавсеаи НАТО ба марзҳои Русия анҷом шавад.
Коршинос вокуниши Ғарбро ба ҳаводиси Украина на танҳо ба сармояи ҷаҳонӣ, ки мехоҳад, фоида бигирад, балки бо кишварҳое, ки мехоҳанд, шаҳрвандонашонро аз таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷиддии дохилӣ дур созанд, рабт додааст.
"Капитализми ҷаҳонӣ аз пандемияи коронавирус бо нобаробарӣ, худкомаӣ, низомисозӣ ва низоъҳои бештари шаҳрвандӣ ва сиёсӣ роҳи наҷот пайдо кард. Муборизаи синфӣ дар Иёлоти Муттаҳида бо мавҷи эътирозҳои корпартсияҳо ва иттифоқҳо дар Амазон, Старбакс ва дигар бахшҳои иқтисодиёт шиддат мегирад. Гирдоби ҳозираи таваррум ва муборизаи синфӣ дар ИМА ва тамоми ҷаҳон кобилияти надоштани гурӯҳҳои ҳукумронро дар муборизаи зидди буҳрони имрӯза нишон медиҳад.
Дар баробари ин Робинсон мутмаин аст, ки талошҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи мардуми Ғарб ба Украина танҳо ғояи ҷомеаи капиталистиро боз ҳам ноором мекунад.