ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Нуктаи сарҳадӣ дар ноҳияи Рилски вилояти Курс аз ҷониби нерӯҳои Украина гулӯлаборон шуд, хабар дод Роман Старовойт, волии минтақа дар саҳифааш дар "Telegram".
"Субҳ ноҳияи Рилск ноором буд. Соати тақрибан 8:00 аз миномётҳо гузаргоҳе дар деҳаи Крупетс ҳадафи гулӯлаборон қарор гирифт. Бо оташи ҷавобӣ нуқтаҳои тирпарронӣ нобуд шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки тахрибкорӣ ва қурбонӣ дар пайи ин гулӯлаборон ба қайд гирифта нашудааст.
Минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина баъди оғози амалиёти низомӣ мунтазам мавриди ҳамла қарор мегиранд.
Танҳо ҳафтаи равон деҳоти Нехотеевка, Журавлевка ва Головчино дар вилояти Белгород, гузургоҳи "Троеборт" дар вилояти Брянск тирборон шудаанд.
Дар вилоятҳои Курск ва Воронеж қаблан ҳавопаймоҳои бесарнишин нобуд карда шуда буданд. Ҳамчунин қатори мошинҳои кумаки гуманитарӣ зимни бозгашт аз вилояти Харков мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати мудофиаи Русия аз оқибати тахрибкорӣ ва ҳамлаҳои хусусияти террористидоштаи ҷониби Украина ҳушдор дода, таъкид намуда буд, ки теъдод ва фарогирии зарбаҳои мушакӣ ба иншоотро афзоиш медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.