ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Толибҳоро зарур аст, иҷрои як уҳдадории дигарро, ки ба уҳда гирифта буданд, амалӣ кунанд, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Ӯ зимни ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти Русия изҳор дошт, ин ваъдаи толибҳо ташкили ҳукумати фарогир мебошад. Маскав пешниҳодҳояшро дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир аллакай ба Кобул додааст, афзуд Лавров.
Таъкид шудааст, ки намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникию сиёсӣ бояд вориди ҳукумат гарданд.
"Дар ин ҳукумат на танҳо намояндагони гурӯҳҳои мухталифи этникию мазҳабӣ бояд бошанд, ҳамчунин ҳаракатҳои калидии сиёсӣ низ бояд дохил гарданд", - илова намуд Лавров.
Ӯ изҳори бовар намуд, ки ин раванд минбаъд аз ҷониби ҳукуматдорони нав дар Афғонистон тасреъ хоҳад шуд.
"Мо аз ин раванд ҷонибдорӣ мекунем ва он бояд тезонда шавад. Дархостҳоямон дар ин бора ба Кобул пешниҳод гардиданд. Онҳо бо тафоҳум қабул гардиданд", - гуфт Лавров.
Вазири умури хориҷии ФР қаблан изҳор дошта буд, ки ҳоло дар Ҳукумати Афғонистон тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо ҳам ҳастанд, аммо аз ҷиҳати сиёсӣ ҳама толибанд.
Ӯ афзуд, маҳз фарогири сиёсӣ бояд қадамҳои навбатии Русияро муайян кунад, бахусус бо назардошти он ки худи толибҳо чунин ҳадафро эълон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, Русия воқеан, як дипломатеро, ки мақомоти нави Афғонистон барои кор дар сафорати Маскав фиристодаанд, сабти ном кардааст. Аммо ин маънои эътирофи расмии онҳоро надорад, гуфт ин сиёсатмадор.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.