Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳоро коҳиш дод

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ фурӯши металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфт. Кишвар натавонист нишондодҳои пеш аз пандемияро такрор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистон ҳаҷми содироти филизоти қиматбаҳоро коҳиш додааст.
Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 88% коҳиш ёфтааст.
Тибқи омор, маблағи бадастомада аз фурӯши металлҳои қиматбаҳо ҳудуди 85 миллион доллар ё 12% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли гузашта ҳаҷми фурӯши филизоти қиматбаҳо ҳудуди 709 миллион долларро ташкил дода буд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тило фаъолият дорад ва истеҳсоли ин металл сол то сол меафзояд.
Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд
Дар ҳамин ҳол вазорат ба далели махфӣ будани маълумот дар бораи истихроҷи маъдан маълумот дар бораи ҳаҷми воқеии истихроҷи тилоро расонаӣ намекунад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 фурӯши металлҳои қиматбаҳо 41,7%-и ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст.
Металҳои қиматбаҳо ба маблағи зиёда аз 896,6 миллион доллар фурӯхта шуданд, ки нисбат ба соли 2020 30% зиёд аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 намуди коло содир мекунад. Аммо дар солҳои охир маҳз содироти металлҳои қиматбаҳо хеле афзоиш ёфтааст.
Корхонаи асосии тилои Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - "Зарафшон" мебошад, ки ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии ашёи хоми истихроҷшударо ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар ҳаҷми захираи тилои тасдиқшуда дар конҳои кишварро ҳудуди 500 тонна арзёбӣ карда буд.