Раҳмон дар зодгоҳаш: президент дар Данғара боғ ифтитоҳ карду парандаҳоро сар дод

Барномаи кишвардори Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бисёрҷабҳа буд: раисиҷумҳур чанд корхонаи саноатиро боз карду мактаби таҳсилоти умумиро ба баҳрабардорӣ расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаю мактаб ифтитоҳ карду 400 парандаро ба табиат сар дод.
Барномаи президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз ифтитоҳи боғи фарҳангӣ оғоз ёфт.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон

Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, боғ дар масоҳати 0,60 гектар бунёд гардида, аз комплекси маҷмуавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад.
Ин боғ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фариддуни Абдусалом сохта шудааст.
Дар маҷмуаи нав бинои тарабхонаи дуошёнаи замонавӣ барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 132 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ва бозӣ барои кӯдакон, 2 мағозаи фурӯши обҳои ташнагишикан, яхмос ва маҳсулоти тезтайёр ҷойгир мебошанд.
Дар ин ҷо беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мувофиқ таъмин шудаанд.
Дар ҳамин ҷо президент бо 50 нафар ятими кул мулоқот карда, ба онҳо сарулибоси мактабӣ, пойафзол, сарулибоси зимистона, китобҳои бадеӣ ва шириниҳо туҳфа кард.

Пул бисёр мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ намуд.
Ин бино аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир аст. Дар таҳхона ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуданд.
Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъ аст.
Кишвардор кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро вазифадор кардааст, ки мутобиқ ба талаботи замон ва бо истифода аз технологияи рақамӣ хидматрасониҳоро ба мизоҷон ба роҳ монанд.

Мактаб - даргоҳи илму маърифат!

Дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара президент муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро ба баҳрабардорӣ расонд.
Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ 9 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машғуланд.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.

Нон бувад чун ҷони одам

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шудааст.
Котиботи раисҷмуҳур мегӯяд, Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалла, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
Дар 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст ва нашъунамои хуб дорад.
Дар 1,5 гектар сабзӣ, дар 20 гектар картошкаи навъи “Тоҷикистон”, дар 18 гектар пиёзи тухмии навъи “Субҳи Вахш” ва пиёзи навъи “пешпазак” кишт шудааст, ки рӯзҳои наздик ҳосили он ҷамъоварӣ мегардад.
Боздид аз Данғара: Раҳмон аз маҷмуаи нодири нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дидан кард
Ҳамчунин дар масоҳати беш аз 480 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.
Кишвардор фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”-ро, намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати кишоварзон баҳои баланд дод.

Аз зотҳои "шведӣ" то "сиёҳалои тоҷикӣ"

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” дидан карда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода додааст.
Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбанд.
Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раҳмон гуфт, нагузорем, ки халқ аз нархи баланд азият кашад: ӯ роҳи арзониро нишон дод
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил карда шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.
Президент иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки ин амал метавонад ба фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.

4000 паранда бо табиат пайвастанд

Дар ин сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушобуҳаво беш аз 4000 сар навъи гуногуни паррандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар дод.
Ҳамчунин Раҳмон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Данғара боздид намуд.
Дар асоси дастури президент дар оянда барои парвариши парандагону ҳайвоноти нодир дар ҳудуди ноҳияи Данғара мамнуъгоҳҳо бунёд мегардад.