Лавров аз Душанбе боздид мекунад: сабаби сафар

Вазири умури хориҷии Русия бо сафари корӣ озими Душанбе мешавад. Замон ва ҳадафи сафари сиёсатмадори рус ба Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе ширкат мекунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Рӯзи 13 май Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ҷаласаи навбатии вазирони умури хориҷаи ИДМ, ки дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард", — гуфт Захарова дар брифинг.
Ба гуфтаи вай, дар ин дидор вазирони хориҷа роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карда, дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ мекунанд.
"Дар назар аст, ки таваҷҷуҳи вижа ба масоили амнияти байналмилалӣ ва таҳкими равобит дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмӣ дода шавад", - афзуд Захарова.
Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба таври анъанавӣ дар як сол ду бор баргузор мешаванд.
Омодагии ВУХ барои баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе
Ҷаласаи навбатӣ дар моҳи май дар Душанбе дар назар аст. Нишасти тирамоҳӣ моҳи октябр дар Нурсултон баргузор мешавад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад.
Шӯро дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои иттиҳод фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои узв, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунад.