Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор мешавад

Интизор меравад, имсол дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор гардад. Ба далели авҷи бемории коронавирус дар ду соли гузашта ин роҳпаймоӣ сурат нагирифта буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Интизор меравад, дар Душанбе имсол "Ҳанги ҷовидон" ба муносибати 77 -умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги батанӣ бошукуҳ баргузор гардад. Дар ин бора Шӯрои ҷанговарони интернатсионалистони Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, масъулони ин шӯро аллакай унвонии шаҳрдори Душанбе ва сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиатнома ирсол кардаанд ва пешниҳоди онҳо дастгирӣ ҳам шудааст.
Ҳамин тариқ роҳпаймоии мазкур рӯзи 9 май, дар Рӯзи ғалаба баргузор хоҳад шуд.
Ҳаракати "Ҳанги ҷовидон" аз Майдони ғалаба сар шуда, аз он ҷо иштирокчиёни маросим то Боғи ғалаба роҳпаймоӣ мекунанд.
Режаи низомии 9 май дар майдони Сурх баргузор мешавад
Маъмулан ба "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон, балки пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешаванд.
Дар Боғи ғалаба иштирокдорони "Ҳанги ҷовидон" дар назди "Оташи ҷовидон" ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда гулгузорӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017 ва 2018 баргузории роҳпаймоӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон манъ шуда буд. Вале новобаста аз ин мамнуият садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон худсарона бо аксҳои наздиконашон ба роҳпаймоӣ баромада буданд.