Тақвияти амнияти мактабу кӯдакистонҳо дар Русия

Вазорати маорифи Русия пас аз фоҷеа дар ваилояти Уляновск эълон кардааст, ки амнияти макотиб ва кӯдакистонҳо тақвият дода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сергей Кравтсов, вазири маорифи Русия ахиран гуфт, Русия амнияти макотиб ва кӯдакистонҳоро баъд аз фоҷеа дар вилояти Уляновск тақвият хоҳад дод.

"Мо амнияти макотибу кӯдакистонҳоро тақвият хоҳем дод, ман аллакай дар ин маврид қарори дахлдорро имзо кардам", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш дар тирпаронӣ дар як кӯдакистон дар рустои Вешкаймаи вилояти Уляновски Русия ду кӯдаку як омӯзгор кушта ва як омӯзгори дигар захмӣ шуд.
Устондори пешини ин вилоят ва вакили Думаи давлатӣ Сергей Морозов гуфт, ҳамлагар баъд аз содир намудани ин ҷиноят худкушӣ кардааст. Кумитаи тафтишотии Русия барои куштори омӯзгору кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Қаноатмандии вазир аз ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ба гуфтаи Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи башар, тирпарониро дар кӯдакистон Аҳтамов Руслан Рӯшанович, соли таваллудаш 1996, сокини Вешкайм, ки "ҳамчун бемори рӯҳӣ сабти ном шуда буд", анҷом додааст.
Як манбаъ ба РИА “Новости” хабар додааст, ки милтиқ ё туфанги сочмазании ИЖ-26 ба Александр Тронина, соли таваллудаш 1954 тааллуқ дорштааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷасади ӯро пайдо кардаанд.