ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар озмоишгоҳҳои Украина силоҳҳои нави биологӣ эҷод мекунад.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти масоили амниятӣ хабар дод.
Ба гуфтаи дабири Шӯрои амният, ин маълумот дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ба даст омадааст.
Иёлоти Муттаҳида лабораторияҳои биологии худро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар наздикии сарҳадҳои Федератсияи Русия ҷойгир кардааст. Баъзе аз ин лабораторияҳо дар қаламрави Украина ҷойгиранд, гуфт ӯ.
"Дар ҷараёни як амалиёти вижаи низомӣ маълумот ба даст омад, ки дар ин озмоишгоҳҳо олимони низомии ИМА вирус, бактерия, токсин ва воқеан як силоҳи нави биологӣ эҷод кардаанд", - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи вай, марҳалаи фаъоли таъсиси озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина таҳти назорати Пентагон дар соли 2014 оғоз шуд.
Тавре котиби Шӯрои амнияти Русия қайд кард, Украина таҳти назорати пурраи берунаи Иёлоти Муттаҳида қарор дошта, "аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои НАТО бошиддат аз худ карда шуда, бо силоҳҳои муосир таъмин мешавад".
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.