Sputnik Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи шодравон Заррагул Искандарова бо наберааш Раъно Амирбекова, ки ҳамакнун дар яке аз бемористонҳои Маскав ба ҳайси пизишки амрози дарунӣ кор мекунад, дидор карда, дар бораи зиндагиву фаъолияти ҳунарии модарбузургаш гуфтугӯ кард ва далоили мухолифаташ бо ҳунарпеша шудани духтарону набераҳояшро пурсид.
Заррагул Искандарова дастпарвари Донишгоҳи ҳунари шаҳри Тошканд буд ва то поёни умраш дар Театри шаҳри Хоруғ ҳунарнамоӣ ва омӯзгорӣ мекард.
Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Вай панҷ фарзанд — як писар ва чаҳор духтар дошт. Ҳама фарзандонаш донишомӯхтаи донишгоҳ ҳастанд, вале ҳич кадомаш роҳи модарро пеш нагирифтааст.
Баракси фарзандон, набераҳо дил ба ҳунар додаву аз пайи модарбузург рафтаанд. Раъно, бародараш ва дигар набераҳо ба ҳунари рақси помирӣ бисёр таваҷҷуҳ доранд. Вале Заррагул Искандарова ҳаргиз намехост, ки фарзандону набераҳояш раққоса ё ҳунарманд бошанд.
"Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки шумо ҳар замоне метавонед рақсро ёд бигиред ва рақсанда шавед, вале бояд дар риштаҳое таҳсил кунед, ки бештарин нафъро ба ҷомеа мерасонанд".
Раъно мегӯяд, ки модарбузургаш зодбум ва мардуми худро бисёр дӯст медошт.
"Модарбузургам ҳар субҳ, ки аз хоб бедор мешуд, аз равзани балкон, ки рӯ ба шаҳр боз мешуд, саросари Хоруғро аз назар мегузаронд ва ин барояш нерӯ медоду гӯё муҳимтарин нерӯдиҳанда дар зинадгияш буд".
Бо пои баста дар саҳна
Заррагул Искандарова аз ангуштшумор ҳунармандонест, ки то поёни зиндагӣ рӯйи саҳна буданд ва бо ҳунари худ дили ҳазорон тамошобиноро шод кардаанд. Суруди "Лалаик" ё "Рақси помирӣ" дар иҷрои Заррагул садҳо толору ҳазорон дилро ба ларза меовард.
"Модарбузургам пешаашро бисёр дӯст медошт. Ҳатто буда, ки ӯ бо пои шикаста рӯи саҳна ҳунарнамоӣ кардааст. Ёд дорам, он замон ӯ 75 ё 76 сол дошт. Дар консерте дар рӯйи саҳна пояш тоб хӯрд. Аммо ӯ ҳама нерӯву ҳавосашро ҷамъу барномаашро то поён иҷро кард".
Заррагул Искандарова дар замони фаъолияташ дар Театри марказии шаҳри Хоруғ рақсҳое чун "Кабӯтар", "Ду гули сафед", "Баҳори Помир", "Қаҳрамондухтар" ва "Ту помирӣ ҳастӣ"-ро офарида, ки то кунун дар он намоишсаро иҷро мешаванд.
Вале ба гуфти наберааш, Заррагул Искандарова сарфи назар аз ишқи бепоён ба пешаву ҳунар ӯ ҳамеша бештари вақти худро бо хонавода мегузаронд:
"Мо ҳаргиз наметавонистем хонаводаамонро бе модарбузургам тасаввур кунем. Ӯ гарчи ҳунарпеша буду ҳамвора дар сафарҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекард, барои ҳар як фарзанду набераи худ вақт меёфт".
Модарбузургу набера дар як нақш
Заррагул Искандарова дар бисёр намоишҳо нақшофарӣ кардааст. Раъно мегӯяд, дар ду намоиш бо модарбузургаш нақш иҷро кардааст:
"Ман ҳамеша бо модарбузургам будам. Дар ёд дорам, бо модарбузургам дар намоиши "Носири Хусрав" нақш иҷро карда будам. Он нақши як духтаре буд, ки аз чашмаи Носири Хусрав об менӯшад. Ман нақши хурдсолӣ ва модарбузургам нақши бузургсолии ӯро иҷро карда будем".
Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
Заррагул Искандарова яке аз ҳунармандоне буд, ки дар чанд ҷаншвораву ҳафтаҳои фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар Русия ширкат кардааст. Пас аз худсолор шудани кишвар, ки ҳама дарҳо ба рӯйи тоҷикону Тоҷикистон боз шуданд, Заррагул Искандарова дар бисёре аз кишварҳо ҳунарнамоӣ ва дили фарҳангдӯстонашонро тасхир кард.
"Модарбузургам дар саҳнаҳои Фаронса, Олмон, Бритониё, Канада, Австралия ва бегумон, ҳама ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ ҳунарнамоӣ кардааст", — мегӯяд Раъно.
Ӯ ба ёд меорад, ки Заррагул Искандарова пироҳанҳои зеборо бисёр дӯст медошт ва аз ҳар сафари ҳунарӣ куртае ба армуғон бо худ меовард:
"Боре модарбузургам аз сафари ҳунарӣ аз Канада сорӣ — пироҳани ҳиндӣ оварда буд, ки зарринранг буду бисёр зебо", -афзуд ӯ.
Вале дар баробари ин дӯхтани пироҳан яке аз саргармиҳои дӯстдоштаи ҳунарпеша буд ва бештари куртаҳояшро низ худаш дастдӯзӣ кардааст.
Заррагул Искандарова яке аз зеботарин ҳунарпешаҳои Тоҷикикстон буд. Ин хонум дар ҷавонӣ ва басе дертар ҳам мӯйҳои бисёр дарозу зебо дошт. Вай ҳамеша дар саҳна бо пӯшоки зебои бадахшонӣ ҳунарнамоӣ мекард.
Заррагул Искандарова - народная артистка Таджикистана
© Фото : Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой
"Модарбузургам ҳатто ҳангоми ба фурӯшгоҳ рафтан ҳам зеботарин пероҳанашро ба тан мекард ва албатта, мӯйҳояшро оро медод. Ӯсма кашиданро дӯст медошт", — мегӯяд бо табассум набераи ҳунарпеша ва меафзояд, ки "моро низ водор мекард, то абрӯвонамонро ӯсма бикашем".
Заррагул Искандарова дар намоишҳое чун "Рустам ва Суҳроб", "Тошбек ва Гулқурбон", "Қишлоқи тилоӣ", "Домоди сохта" нақш офаридааст. Ба гуфтаи Раъно, ки дар аксари сафарҳои ҳунарӣ бо модарбузургаш будааст, ҳунарпеша ҳар як нақшу ҳунарнамоияшро бисёр ҷиддӣ омода мекард. Барояш ҳар як ҳунарнамоӣ чун нахустнамоиш буд, мегӯяд Раъно.
Рашки беҷо ва ҷудоӣ аз ҳамсар
Раъно нақл мекунад, ки бобояш Давлатбек — ҳамсари дувуми Заррагул бисёр марди бадрашк буд.
"Модарбузургам мегуфт, ки рӯзе бобоям ба театр рафта, як ҳамкорашро аз рӯи рашки бепоя латукӯб кардааст", — ба ёд меорад Раъно.
Ҳамин рашку пайомадҳояш саранҷом Заррагул Искандароваро аз шавҳараш ҷудо кард, вале на аз саҳна.
"Гарчанде модарбузургам ҳаргиз аз саҳна дур нашуд, вале зиндагии худро ба театр табдил надода буд. Барояш хонавода ҷудо ва театр ҷудо буд".
"Мо ҳанӯз ҳам наметавонем зиндагиямонро бе модаркалонамон тасаввур кунем. Ҳанӯз ҳам касе дар борааш "дар замони гузашта" сухан намегӯяд. Ному ёдаш барои мо ҳамеша гиромиву мондагор аст".
Заррагул Искандарова борҳо Тоҷикистонро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ карда буд ва дар ин росто бисёр ҳунарпешаи муваффақе ҳам буд. Ба қавли Раъно, барои ҳунарпеша аз Тоҷикистон буданаш бисёр муҳим буд ва ҳамеша мекӯшид, то бо ҳунари худ беҳтару бештар Тоҷикикстонро дар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кунад.
"Ӯ моро ҳамеша панду андарз медод, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки мо чеҳраи Тоҷикистон дар Русия ҳастем ва бояд рафтори шоиста дошта бошем".
Ҳама фарзандони Заррагул Искандарова дорои маълумоти олӣ ва ҳамзамон дар ҷомеаи шаҳри Маскав афроди фаъоле ҳастанд. Ба гуфти Раъно, Заррагул Искандарова ҳамеша ҷонибдори нақшофарии фаъоли занон дар ҷомеа буд ва талош мекард, ки ҳар як фарзанду наберааш таҳсилоти олӣ дошта бошад.
"Ӯ ҳамеша ба мо мегуфт, аз ҳама муҳим доштани донишу таҳсилоти олӣ аст. Ту метавонӣ пас аз анҷом додани таҳсилоти олӣ раққоса шавӣ, вале аввал бояд дар риштае, ки интихоб кардаӣ, беҳтарин коршинос бошӣ".
Зиндагинома
Мулкамонова Заррагул Искандаровна 27 апрели соли 1938 дар деҳаи Емс, дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар хонаводаи аҳли ҳунару фарҳанг ба дунё омадааст.
Падараш Искандар зодаи ҳамин деҳа буда, ҳунарпеша буд ва дар аспдавонӣ ҳам яке аз беҳтарин чобуксаворон буд.
Модараш Марворид аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон буд. Заррагул дар муҳите пур аз созу овоз ба воя расид.
Амакаш Илчибек Мулкамонов ҳам чун падараш ҳунарпешаву навозанда буд ва шеър ҳам мегуфт. Шеърҳои ӯро ширинкорони номдор Усто ва Масто месуруданд.