"Газпром" интиқоли газ ба Булғористон ва Лаҳистонро қатъ кард: сабаб

Консерни газ интиқоли гази Русияро ба "Булгаргаз"-и Булғористон ва PGNIG-и Лаҳистон ба далели риоя накардани тартиби нави пардохт аз ҷониби ин ширкатҳо боздошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Интиқоли гази Русия ба "Булгаргаз"-и Булғористон ва PGNIG-и Лаҳистон, тибқи тартиби нави пардохти сӯзишворӣ бо рубл, мутаваққиф шудааст, хабар медиҳад "Газпром".
То рӯзи кории 26 апрел ба "Газпром Экспорт" барои интиқоли газ дар моҳи апрел аз "Булгаргаз" ва PGNiG бо пули русӣ пардохт нарасидааст.

"Газпром" интиқоли газро ба "Булгаргаз" (Булғористон) ва PGNIG (Лаҳистон) ба далели напардохтани пул бо рубл комилан мутаваққиф кард, — омадааст дар хабари ширкат.

Ширкати "Газпром Экспорт" ширкати "Булгаргаз" ва PGNIG-ро дар бораи қатъи интиқоли газ аз 27 апрел то анҷоми пардохт, тибқи тартиби муқаррарнамудаи фармон, огоҳ кардааст.
Қаблан Лаҳистон ва Булғористон изҳор карда буданд, ки нақшаи харидории газ бо рублро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки билофосила пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
ИМА бо таҳримот бартарияти худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энержӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ширкатҳои ғарбӣ зери фишори шадиди мақомоти худ бозори Русияро тарк кардаанд, аммо ин далели онро рад намекунад, ки онҳо бо хисороти бузург рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Маълум аст, ки сиёсати таҳримии Ғарб ба иқтисоди тамоми ҷаҳон зарбаи ҷиддӣ зада, инчунин бартарии Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаро дар арсаи ҷаҳонӣ суст мекунад.
Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ пас аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Русия бо афзоиши шадиди қимати маводи сӯхт рӯбарӯ ҳастанд.
Зарари ширкати "Visa" баъд аз тарки бозори Русия маълум шуд
Рӯзи 23 март раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом дошт, ки пардохти сӯзишвории Русия аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин дигар кишварҳои ғайридӯст бо рубл қабул мешавад.
Ин тадбир ба хотири даст кашидан аз истифодаи доллар ва евро дар ҳисоббаробаркуниҳо гирифта шудааст.
Пас аз ин раҳбари Русия фармони дахлдорро имзо кард, ки дар он ба зарурати пардохти ашёи хоми кишварҳои ғайридӯст бо пули русӣ ишора шудааст.