ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз Ҳизби "Амонат" хориҷ шуд ва мақоми раиси ин ҳизбро тарк кард.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад. Ҳамин тавр, тибқи гузориши ин манбаъ, раиси маҷлис Ерлан Кошанов раиси нави ҳизби ҳоким интихоб шуд.
"Аз имрӯз ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми раиси Ҳизби "Амонат" даст кашам. Ин иқдом рамзӣ аст. Дар ин робита ба ҳамаи шумо барои эътимод ва пуштибонӣ дар интихоботи президентӣ изҳори сипос мекунам", - гуфт Тоқаев.
Президент номзадии Ерлан Кошановро ба мақоми раиси нави ҳизб пешниҳод кард.
Бо қарори якдилонаи аъзои Ҳизби "Амонат" Ерлан Кошанов, раиси феълии маҷлис раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Ерлан Кошанов 1 феврали соли равон раиси маҷлис шуда буд.
Қабл аз ин ӯ Дастгоҳи президенти Қазоқистонро раҳбарӣ мекард.