Патрушев гуфт, Русия аз соҳибихтиёрии худ даст нахоҳад кашид

Русия набояд бо иддаҳои Ғарб барои даст кашидан аз соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хориҷӣ розӣ шавад, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Русия ҳақ надорад, розӣ шавад, ки Ғарб ӯро ба даст кашидан аз соҳибихтиёрии худ маҷбур созад, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба "Российская газета" менависад.
"Вашингтон сенарияҳои фоҷиабори буҳронҳои ҷаҳониро ҳам дар солҳои гузашта ва ҳам имрӯз бо хоҳиши таҳкими гегемонияаш, муқовимат ба шикасти ҷаҳони якқутбӣ таҳмил мекунад", - гуфт Патрушев дар мусоҳиба бо "Российская газета".
Ғарб болои шикасти Русия дар Украина қиматгузорӣ мекунад
Дабири Шӯрои амнияти Русия афзуд, Иёлоти Муттаҳида ба ҳама гуна кор даст мезанад, то марказҳои дигар дар ҷаҳони бисёрқутбӣ сар набардоранд.
"Кишвари мо на танҳо ҷуръат мекунад, балки ошкоро изҳор дошт, ки аз рӯи қоидаҳои таҳмилшуда бозӣ нахоҳад кард", - таъкид кард Патрушев.
"Онҳо кӯшиш карданд, Русияро маҷбур созанд, ки аз соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ, фарҳанг, сиёсати мустақили хориҷӣ ва дохилӣ даст кашад. Мо ҳақ надорем, ки бо чунин бархӯрд розӣ шавем", - таъкид кард ӯ.
Таҳримҳои зидди Русия ҷаҳонро маҷбур карданд, ки долларро "пинҳон" кунанд