Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин дар бораи сарнавишти ҷангҷӯён дар "Азовстал" гуфт

Ба хидматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Украина, ки дар корхона нишаста буданд, бори дигар пешниҳод карданд, таслим шаванд ва кафолати наҷоти одамонро ваъда доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Мақомоти Киев бояд ба низомиёни украинӣ дастур диҳанд, ки силоҳҳои худро дар корхонаи “Азовстал" дар Мариупол ба замин гузоранд.
Дар ин бора Владимир Путин, президенти Русия зимни суҳбат бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл хабар медиҳад.
"Мақомоти Киев бояд масъулияти сиёсиро ба дӯш гиранд ва бо назардошти андешаҳои инсондӯстона ба онҳо амр диҳанд, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд", - таъкид кард раҳбари Русия.
Вай афзуд, барои ҳамаи сарбозони таслимшуда ҳаёт, ёрии тиббӣ ва табобат тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, кафолат дода мешавад.
Ҷангҳо барои Мариупол рӯзи 7 март, замоне оғоз шуданд, ки муовини фармондеҳи баталони "Восток"-и ҶМД Александр Семёнов гуфт, шаҳр муҳосира шуда, поксозии баъзе минтақаҳо оғоз шудааст.
Патрушев гуфт, Русия аз соҳибихтиёрии худ даст нахоҳад кашид
Дар миёни воҳидҳои дигари украинӣ дар ин русто қисми миллатгароёни "Азов" низ ҳаст, ки дар Русия ифротгаро эътироф ва алайҳи ҷангиёни онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Аввоили моҳи апрел нерӯҳои муштараки ҶМД ва қувваҳои мусаллаҳи РФ ба ҷануби Мариупол расиданд, ки дар он ҷо нерӯҳои Украина боқӣ монда, бандарро ҳамроҳ бо киштиҳои ғайринизомӣ, ки маллоҳони Русия, Туркия ва Украина низ он ҷо буданд, назорат мекарданд.
Баъдтар, 11 апрел раисиҷумҳури Донетск Денис Пушилин изҳор дошт, ки бандар таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи ин ҷумҳурӣ аст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Бозёфтҳои ғайричашмдошт дар пойгоҳи тарккардаи ҚМУ низомиёни русро ба ҳайрат овард - видео
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.