Дар Маскав сафоратхонаҳои ҶМД ва ҶМЛ кушода мешавад

Дар пойтахти Русия дар ду моҳи оянда дар назар аст, ки намояндаҳои дипломатии ҷумҳуриҳои мардумии Луҳанск ва Донетск боз шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Қарор аст, баназдикӣ дар Маскав сафоратхонаҳои ҶМД ва ҶМЛ боз шаванд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба гуфтаи як манбаи дипломатӣ, имкон дорад, ки ин дар давоми як ё ду моҳ сурат бигирад.

"Мо кӯшиш хоҳем кард, ки (ин) дар ояндаи наздик анҷом дода шавад, ҳар қадар зудтар, ҳамон қадар беҳтар аст. Мо ба кори мушаххас машғулем", - изҳор дошт ҳамсуҳбати расона.

Ёдовар мешавем, рӯзи 22 феврал Русия бо ҷумҳуриҳои мардумии Луганск ва Донетск билофосила баъди эътирофи истиқлоли онҳо равобити дипломатӣ барқарор кард.
Қабл аз он Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармонҳоро дар бораи эътирофи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ имзо карда буд.
Ғайр аз ин бо ҳар ду ҷумҳурӣ дар бораи дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ шартномаҳо имзо шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Уфу-пуфи НАТО: эътирофи ҶМЛ ва ҶМД аз ҷониби Русия боз боиси чӣ мешавад?
Қабл аз ин дар як паёми телевизионӣ сарвари ин давлат Путин тасмими худро ба таври муфассал шарҳ дод ва вазъро бо аъзои Шӯрои амният баррасӣ карда буд.
“Онҳое, ки ба роҳи хунрезӣ, хушунат, беқонунӣ афтодаанд, ба ҷуз аз роҳи ҳарбӣ дигар тасмими ҳалли масъалаи Донбассро надиданд ва намебинанд. Ба ин муносибат ман зарур мешуморам, ки як қарори пӯхтарасидаро қабул намоям — фавран эътироф намудани ҷумҳуриҳои ҶМЛ ва ҶМД", — гуфта буд президент он вақт.