ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Хафвҳои ҷанги ҳастаӣ ҳоло хеле муҳиманд, ин хатарро набояд нодида гирифт, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо "Шабакаи аввал".
Ҳамзамон вазир қайд кард, шумораи зиёди онҳое ҳастанд, ки омодаанд, ин таҳдидро ба таври сунъӣ афзоиш диҳанд.
Лавров ёдовар шуд, ки дар моҳи январи соли 2022 кишварҳои “панҷгонаи ҳастаӣ” (таҳ – Британияи Кабир, Чин, Русия, ИМА, Фаронса) тезисро дар бораи қобили қабул набудани истифодаи ин силоҳ тасдиқ карданд.
"Ман аслан намехоҳам, ки ин хатарҳо ба таври сунъӣ афзоиш ёбанд, аммо хоҳишмандон зиёд ҳастанд. Хатар ҷиддӣ, воқеӣ аст, онро нодида гирифтан мумкин нест", - қайд кард роҳбари ниҳоди дипломатии Русия.
Сергей Лавров ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба эъзоми нерӯҳояшон ба Украина иҷоза нахоҳанд дод.
"Ман бори дигар таъкид мекунам: мо чунин ҳис дорем, ки Ғарб мехоҳад, Украина ҷангро идома диҳад, чунон ки онҳо фикр мекунанд, артиши Русия ва комплекси ҳарбӣ-саноатии Русияро фарсуда ва хаста кунанд, ин як хаёл аст", - гуфт Лавров.
Вазир ба чунин хулоса омад, ки дар ҳеҷ як шароит ба Ҷанги сеюми ҷаҳон роҳ додан мумкин нест.
Вай ҳамчунин қайд кард, маҳз дар ҳамин замина онҳо иғвоҳои доимии раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва тими ӯро, ки "қариб ворид кардани нерӯҳои НАТО барои ҳифзи ҳукумати Украинаро" талаб мекунанд, баррасӣ менамоянд.
Ҳамзамон Лавров қайд кард, ки ҳамаи раҳбарони кишварҳои НАТО иштироки ин паймонро дар як даргирии мустақим бо Русия истисно мекунанд, ба ҷуз аз раҳбарияти Лаҳистон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ оғоз кард.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳадафи он "ҳифозати одамоне аст, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Вазорати дифоъ ва қувваҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба инфрасохтори низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд, иқтидори ҷангии Украина аллакай ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Вазифаи асосии ниҳоди низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.