Туркия гуфт, марҳилаи аввали амалиёташ дар Ироқ поён ёфт

Мақомоти низомии Туркия мегӯянд, дар умум амалиёти низомӣ дар қисмати шимоли Ироқ то замони бартарафсозии пурраи хатар дар марз идома хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Туркия марҳилаи аввали амалиёти низомияшро дар шимоли Ироқ ба поён расонд, хабар дод вазири дифои ин кишвар Ҳулуси Акар.
Ин амалиёт алайҳи ҷангҷӯёни Ҳизби коргарони Курдистон оғоз шуда, Анкара гуфт, ҳадаф аз он таъмини амнияти марзҳо мебошад.
Вазири дифои Туркия изҳор доштааст, ки нерӯҳои кишвараш то минтақаҳое, ки ҳадаф гузоштанд, расиданд. Вай афзуд, дар минтақаи амалиёт ғору паноҳгоҳ ва ситодҳои зиёди ҷангиёни Ҳизби коргарон ошкор шуданд.
"Бояд таъкид кард, ки ҳадафҳои марҳилаи аввал амалӣ шуданд. Минбаъд фаъолият вусъат дода мешаваду дар ғору паноҳгоҳҳояшон онҳоро нобуд мекунем, то он замоне ки ягон таҳдиди террористӣ аз Ироқи шимолӣ ба кишварамон ҷой надошта бошад", - афзуд вазир.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Туркия, ин амалиёт "танҳо алайҳи террористон" (Ҳизби коргарони Курдистон дар Туркия ва як қатор кишварҳои дигар ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф шудааст) пиёда шудааст.
Дар Туркия фурӯпошии НАТО-ро ба далели ғарби Украина пешгӯӣ карданд
Ин дуюмин амалиёти Туркия алайҳи курдҳои Ироқ аст. Амалиёти аввалинро апрели 2021 анҷом дода буд.
Даргириҳои мусаллаҳона бо Ҳизби коргарони Курдистони мамнуъ дар Туркия соли 1984 оғоз шуда, соли 2015 аз сар гирифта шуд. Худи ин созмон соли 1978 таъсис ёфта, ҷонибдори озодию худмуайянкунии миллии курдҳо дар Туркия аст. Илова бар ин ҷунбиши мазкур дар Сурия ва Ироқ, ки дар он ҷо курдҳои зиёде низ зиндагӣ мекунанд, мустақар шудааст.
Пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ ҷойгир буда, нерӯҳои мусаллаҳи Туркия алайҳи онҳо амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ анҷом медиҳанд.
Қаблан раисҷумҳури Туркия Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки аз моҳи июли соли 2015 то кунун ҳудуди 6 ҳазор узви Ҳизби коргарони Курдистон дар дохили ин кишвар ва 6,9 ҳазор нафар дар хориҷ аз он кушта шудааст. Дар ҳамин ҳол талафоти нерӯҳои амниятии Туркия дар бархӯрдҳо бо ин ҳизб дар маҷмуъ беш аз 1,2 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.