Путин Макронро бо пирӯзияш дар интихобот шодбош гуфт

Раисҷумҳури Русия барои президенти тозаинтихоби Фаронса дар корҳои давлатияш муваффақият хоста, ба ӯ саломатии устувор таманно намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия Эммануэл Макронро бо интихоби дигарборааш ба мақоми президентӣ шодбош гуфт. Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл хабар дод.
"Сидқан барои шумо дар корҳои давлатӣ муваффақият мехоҳам ва ҳамчунин саломатии бардавому шукуфоиро таманно дорам", - омадааст дар паёми шодбошӣ.
Интихоботи президентӣ дар Фаронса 24 апрел баргузор шуда, дар пайи ороъшумории комил Макрон бо гирифтани 58,55% аз маҷмуи ороъ пирӯз шудааст.
Марин Ле Пен, раҳбари Ҳизби иттиҳоди миллӣ, рақиби аслии Макрон 41,45%-и ороъро соҳиб гардидаст. Ле Пен аллакай шикасташро дар интихобот эътироф карда, изҳор доштааст, ки барои ҳаракати онҳо он теъдоди овозҳои гирифтааш аллакай пирӯзӣ аст.
Макрон хостори идомаи музокира бо Путин шуд
Президенти Фаронса бо овоздиҳии умумии мустақими шаҳрвандон ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Дар интихобот ҳудуди 49 млн нафар интихобкунанда метавонанд ширкат кунанд. Даври аввали интихобот 10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад иштирок карда буданд.
Дар интихоботи президентии соли 2017-ум низ дар Фаронса Макрон 66,1% ва Ле Пен 34,5% овоз гирифта буданд.
Он сол ки Макрон дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ нишаст, ҷавонтарин раҳбари Фаронса дар таърих ва аввалин номзади пирӯз аз тариқи худпешбарӣ шуд.
Ӯ дар мавриди даври дуюми раёсаташ изҳор дошт, ки интизор меравад, як давраи мушкиле бошад. Макрон гуфт, солҳои оянда ором нахоҳанд буд, аммо дар таърих хоҳанд монд. Дар ин муддат талош барои таҳкими мавқеи Фаронса дар ҳамаи бахшҳо амалӣ хоҳад шуд, гуфт раисҷумҳури тозаинтихоб.