ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Хадамоти федералии амният - ФСБ аъзои гурӯҳи террористиеро боздошт кард, ки нияти нобуд кардани яке аз рӯзноманигорони шинохтаи русиягиро доштанд, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури ФР.
Путин ин нуқтаро зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Додситонии кулли Русия баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки албатта, ҳозир инро рад мекунанд, аммо далелҳо қотеъу раднашавандаанд.
"Дар майдони хабарӣ низ мағлуб шудаанд. Бо истифода аз мавқеи монополистӣ дар қалами кишвари худу бархеи дигар ба фиреби шаҳрвандон машғуланд. Аммо чун дар Русия ноком шуданд, рӯ ба террор оварданд, ба қасди куштори рӯзноманигонамон", - афзуд ӯ.
Ин гуфтаи Путин дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти федералии амният аз ошкор шудани сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёв хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сӯиқасд дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотии Русия ошкор шудааст.
"Гуруҳи аъзои созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия, "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ният доштаанд, фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигори шинохта, Владимир Соловёвро кушанд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Мақомот мегӯянд, ин ҷиноят бо дастури Хадамоти амнияти миллии Украина тарҳрезӣ шуда, аз боздоштшудаҳо лавозимоти ҷангию адабиёт мусодира гардидааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия