Пирӯзии Макрон дар интихоботи президентии Фаронса

Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел расман интихоби раисҷумҳурро барои панҷ соли оянда эълон мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Президенти феълии Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президентӣ пирӯз шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Бар асоси натоиҷи шумориши аксари кулли ороъ, Макрон аз рақибаш, раҳбари Ҳизби "Иттиҳоди миллӣ" Марин Ле Пен пеш гузашт.
Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел расман интихоби раиси давлатро барои панҷ соли оянда эълон мекунад.
Падари Макрон гуфт, аз аъмоли писараш розӣ аст, вале пайраваш нест
Макрон дар соли 2017, дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ интихоб шуд, ҷавонтарин раҳбари Ҷумҳурии Фаронса дар таърих ва аввалин номзади аз тариқи худпешбарӣ шуд.
Панҷ сол пеш дар даври дувуми интихобот ӯ ҳам бар Марин Ле Пен пирӯз шуда буд, аммо бо ҳисоби бештар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи натоиҷи шумориши 100 дарсади ороъ, Эммануэл Макрон дар даври дувум 58,55 дарсад ва Марин Ле Пен 41,45 дарсадро ба даст овардаанд.