Чанд километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷудо шудааст: посухи Ҷабборов

Раисҷумҳури Қирғизистон корҳои анҷомдодашуда дар марзи муштараки Душанбе ва Бишкекро арзёбӣ карда гуфт, ки пас аз анҷоми он сарҳад деворбандӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон бештари марзи муштаракро ҷудо кардаанд.
Дар суҳбат бо хабаргузории маҳаллии "Кабар" ӯ зикр кард, ки аз 900 километри умумии марзи муштарак 600 километраш муайян шудааст.

"Масъала оҳиста ҳал мешавад. Суръат на танҳо аз ҷониби мо, балки аз ҳар ду ҷониб суст аст. Мушкили тақсимоти марзӣ, ки 30 сол боз ҳал нашудааст, дар як моҳ ҳал намешавад", - гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.

Ҷабборов афзуд, ки сохтмони садди марзӣ танҳо пас аз тасвиби ниҳоии қитъаҳо оғоз мешавад.
"Баробари ҳалли масъалаҳои баҳснок ҳар ду ҷониб ба сохтани девор шуруъ мекунанд. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода хоҳанд шуд. Тиҷорат оғоз мешавад”, - гуфт ӯ.
Қаблан мусоҳиба раисҷумҳури Қирғизистон барои ҳалли ниҳоии баҳсҳо дар марз бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала бояд зудтар ҳал шавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Роҳи дигар нест: Раҳмон аз пешрафту мушкилоти музокироти марзӣ бо Қирғизистон гуфт
Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.
Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар мавзеи тақисими оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид.
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.
Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? Видео
Илова бар ин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса то кунун 12 апрел рух додааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.