ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре дар сомонаи ICCROM навишта шудааст, бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотии ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ” (ICCROM) гардид.
Дар ҳамин ҳол сомонаи "Осорхонаи миллӣ" хабар додааст, ки ворид шудани Тоҷикистон ба ICCROM имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла тармимгарону таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон дар курсҳои он иштирок намуда, таҷрибаи хешро мукаммал гардонанд.
Самти фаъолияти ICCROM асосан омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ мебошад.
Инчунин марказ дорои калонтарин китобхонаи электронии осорхонашиносист. Ҳоло 137 кишвар узви ICCROM мебошанд.
"Осорхонаи миллӣ"-и Тоҷикистон 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шурӯъ кардааст. "Осорхонаи миллӣ"-и Тоҷикистон дар назди майдони “Дӯстӣ”, дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад.
Шуъбаҳои осорхона дорои толорҳои канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори туҳфаи хазинаҳои давлатӣ мебошанд.
Хазинаи экспонатҳои "Осорхонаи миллӣ"-ро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи милии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ 2278 ёдгорӣ, намунаи ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, туҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ — 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд.
Илова бар ин аз осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба хазинаи осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави "Осорхонаи миллӣ"-и Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.