Борон, раъду барқ ва барф: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Ҳавои Тоҷикистон ноустувор хоҳад шуд. Дар ҳамаи минтақаҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ВМКБ шабона барф меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон меборад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносии кишвар. Ҳаво рӯзона 5-10 ва шабона 17-22 дараҷа гарм мешавад.. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят боришоти борон ва шабона барф ба амал меояд. Шабона ҳаво 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро боронӣ пешгӯӣ мекунад. Раъду барқ ба амал меояд, шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борон борида меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 дараҷа ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.