ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар ИМА матлабе дар бораи буҳрони Украина ва пуштибонии Киев аз ИМА нашр шуд. Он аз ҷониби "Fox News" нашр шудааст.
Ба гуфтаи муаллиф, Вошингтон дидаву дониста талош дорад, муноқиша дар Украинаро тамдид кунад.
"Онҳо ҳама корро мекунанд, ки низоъ то абад идома ёбад", - гуфт рӯзноманигор.
Ҳамзамон ӯ ҳайрон шуд, ки ба ин буҳрон таваҷҷуҳи шаҳрвандони Амрико чӣ гуна бояд бошад. Чанд рӯз пеш аз ин Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико як бастаи нави кӯмаки низомии 800-миллиондолларӣ ба Украинаро эълон кард. Ин паём вокунишҳои хонандагонро дар шарҳҳо ба бор овард.
Корбар Фрэнк Мартин навиштааст, "онҳо намехоҳанд, ки ин тамом шавад. Фаҳмидани он осон аст".
"Чаро барои муноқишае, ки мо дар он иштирок намекунем, пул мефиристем?", - суол гузошааст "Paul Zaky".
"Амрикоиҳо худ муҳтоҷанд, аммо ба Украина беш аз се миллиард доллар мефиристанд. Чаро, масалан, ин гуна пулро ҳамчун кумак ба амрикоиҳои ниёзманд додан мумкин набуд?", - пурсидааст "bible dynasty".
"Лутфан, Байденро ба Украина фиристед", - илова кард "club4ghz".
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.