ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои ишғоли 11 мансаби холии давлатӣ озмун доир мекунад. Довталабон метавонанд барои қабул шудан ба кор дар озмун иштирок кунанд.
Бино ба иттилои Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар радифи 11 мансаби холимонда вазифаи мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр низ ҳаст, ки довталабон метавонанд барои ишғоли он дар озмун иштирок кунанд.
"Маош барои оне, ки ин вазифаи бомасъули ҳукуматиро ишғол карда метавонад, 1519 сомонӣ муқаррар шудааст”, – хабар медиҳад котиби матбуотӣ.
Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, сармутахассиси шуъбаи кор бо маҳаллаҳо, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила, сармутахассиси шуъбаи маориф, сармутахассиси бахши фарҳанг аз панҷ вазифаи дигари холимонда дар ҳукумати Хуҷанд аст.
Маоши хидматӣ барои ишғоли чунин вазифаҳо 1132 сомонӣ гуфта шудааст.
Инчунин довталабон барои ишғоли вазифаҳои мутахассиси пешбари бахши нақлиёт ва алоқа, мутахассиси пешбари бахши манзил, мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд дар озмун иштирок карда метавонанд.
Ҳаҷми маоши вазифавӣ 759-925 сомонӣ аст.
Бино ба эълони ҳукумат, таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, аз 2 то 4 сол собиқаи хидмати давлатӣ ё аз ин бештар собиқаи умумии меҳнатӣ, аз талабот барои ишғоли вазифаҳои маъмурӣ дар ҳукумати Хуҷанд ҳастанд.