Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш ба сабаби бепарвоии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кӯдаки ноболиғ рух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар обанбори деҳаи Ваҳдати вилояти Хатлон кӯдаки ноболиғ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи нохуш бегоҳи 22 апрели соли 2022, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

"Сокини 13-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори деҳа ғарқ шудааст", - омадааст дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш ба сабаби бепарвоии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кӯдаки ноболиғ рух додааст
Дар ин росто наҷотдиҳандагони дастаи вижаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасади писарбачаро берун оварда, ба наздиконаш супурдаанд.
Ба кӯҳ рафтанду бар нагаштанд: ҳалокати се нафар дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар Тоҷикистон
Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон мавсими оббозӣ аз 1 июн оғоз мешавад, вале чуноне маълум шуда, аллакай ҳодисаҳои нохуш сар зада истодаанд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариро дар об риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Дар Тоҷикистон давоми се моҳ 520 ҳолати фавқулодда рух додааст
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва ҳодисаи табииро сабт кардаанд, ки дар пайи онҳо 5 тан ҷон аз даст додаанд.