Зилзила Рӯшонро такон дод

Дар яке аз манотиқи шарқии Тоҷикистон заминларза рух дод. Ин дафъа заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Маркази ҷумҳуриявии мониторинги зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар Тоҷикистон заминларза рух дод.
Замин дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шиддати 4,5 дараҷа ҷунбидааст.
Заминларза соати 20:13 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:13 бо вақти Маскав) рух додааст.
Дар бораи харобиҳо ва қурбониёни ин офати табиӣ то ҳол маълумоте дар дастрас нест.
Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистон афзуд
Қаблан дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон заминларзае ба шиддати 5,1-5,4 дараҷа сабт шуда буд. Маркази заминларза дар 170-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 172-километрии ҷанубу шарқи Хуҷанд воқеъ буд.
Заминларза дар Тоҷикистон ба далели кӯҳистонӣ будани кишвар як чизи маъмулӣ аст. Ҳамин тариқ рӯзи 19 март дар марз бо Афғонистон заминларзаи 4-баллӣ рух дода буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ қайд кард, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикии ноором дохиланд. Офатҳои табиӣ, хусусан дар фасли баҳор бештар сурат мегиранд.