ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳамлаварони украинӣ алайҳи корвони башардӯстонаи Русия ҳамлаи террористӣ омода мекарданд. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба Маркази равобити ҷамъиятии ФСБ-и Русия менависад.
Ҳамин тариқ ҳамлагарон бо дастури Хадамоти амнияти Украина як мошини қаблан омодашударо тарконданӣ будаанд.
Нерӯҳои амниятии Русия анбори пур аз силоҳ кашф карданд. Дар онҳо мушаки зиддиҳаавоии "Игла" бо тирандозҳо, гранатомётҳо, пулемётҳо ва таппончаҳо будаанд.
Илова бар ин аз махфигоҳҳои украиниҳо, аз ҷумла минаҳое, ки дорои маводи таркандаи худсохт будаанд, мусодира карда шуданд.
ФСБ инчунин беш аз 5000 тир, як мошини харобкунандаи ПМ-4, радиостансия, дастгоҳҳои биниши шабона ва як мошини бомбгузоришударо дарёфт кардааст.
"Ин мошин бояд бо маводи тарканда муҷаҳҳаз карда мешуд, то таҷҳизот дар масофаи тақрибан 5 метр нобуд карда шавад", - гуфт боздоштшуда.
Нисбати ҷинояткорон тибқи моддаи омодагӣ ба амали террористии байналмилалӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ахиран дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Алексей Данилов гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина баробари пайдо шудани чунин имкон ба пули Қрим ҳамла хоҳанд кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, чунин изҳорот эълони ҳамлаи террористӣ аст.
Вай таъкид кард, ки ин гуна изҳороти ғайриқобили қабул мавриди санҷиши қонунӣ қарор гирифта, баъдан муҷозот мешаванд.
Дар навбати худ муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина маслиҳат дод, дар бораи он ки дар сурати чунин ҳамла чӣ ҳадафи ҷавобӣ шуда метавонад, андеша кунад.
Пули Қрим аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва обӣ боэътимод ҳифз шудааст, гуфт вакил Олга Ковитидӣ. Пулро системаҳои пурқудрати дифои ҳавоии С-400, "Пантсири С-1" ва дигар силоҳҳо муҳофизат мекунанд.