ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бар асари таркише дар Кундузи Афғонистон беш аз 30 нафар захмӣ ва кушта шуд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба "Tolo News" хабар медиҳад.
Пештар хабаргузории "Ariana News" бо такя ба мудири иттилоот ва фарҳанги ин вилоят хабар дод, ки рӯзи ҷумъа дар як масҷиди вилояти Кундуз таркиш рух дода, ки қурбонӣ низ дар пай дошт.
Ҳофиз Умар, раиси пулиси ноҳияи Имомсоҳиби вилояти Кундуз бидуни ироаи ҷузъиёти бештар гуфт, дар масҷиди Мавлавӣ Искандар нисфирӯзӣ таркиш рух додааст.
Манобеи амниятӣ ва шоҳидони ҳол гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 30 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҷабрдидагон ба бемористони ноҳия интиқол ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон низ ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Бояд гуфт, пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.