ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Артиши Русия омодааст, шароити беруноварии ҳамаи ғайринизомиёнро аз навоҳии Мариупол, дар ҳамсоягии "Азовстал" ҳам ба қаламрави Русия ва ҳам ба қаламрави таҳти назорати низомиёни Украина фароҳам кунад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба раиси Ситоди ҳамоҳангсозии байниидоравии Вазортаи дифоъ оид ба вокунишҳои башардӯстона - сардори Маркази миллии назорати мудофиаи Русия генерал-полковник Михаил Мизинтсев хабар медиҳад.
Генерал тавзеҳ дод, ки Русия дар посух ба иддаои ҷониби Украина дар бораи ҳузури эҳтимолии ғайринизомиён дар "Азовстал" омодааст, бори дигар барои хуруҷи онҳо долонҳо фароҳам кунад.
Ба ин манзур ҷониби Русия дар ҳар лаҳза омодааст, ки "режими хомӯшӣ" ҷорӣ ва таваққуфи башардӯстона эълон кунад.
"Интиқоли аҳолии осоишта ба ҳар нуқта, ҳам ба қаламрави таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҳам ба Федератсияи Русия сурат мегирад (ин тасмимро ҳар кас мустақилона мегирад)", - гуфт ӯ.
Сигнал барои оғози амалиёти башардӯстона бардоштани парчамҳои сафед аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд, ақибнишинӣ кунанд, хоҳад шуд.
Ба ҳамаи таслимшудагон кафолати ҳаёт, бехатарӣ, ёрии тиббӣ дода мешавад.
Ин ташаббуси башардӯстона шабонарӯзӣ амал мекунад. Маълумот дар бораи он ҳар 30 дақиқа тавассути шабакаҳои радиоӣ пахш мешавад ва инчунин ба таври фаврӣ тавассути муовини сарвазири Украина Ирина Верешук ба ҷониби Украина расонида мешавад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.