ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раҳбари ҳайати Русия дар музокирот, ёвари президенти Русия Владимир Мединский гуфт, ки рӯзи ҷумъа бо раҳбари ҳайати Украина Дэвид Арахамия гуфтугӯ кардааст.
"Тасдиқ мекунам", - навиштааст Мединский дар канали "Telegram"-и худ дар шарҳи гузоришҳои марбути расонаҳо.
Қаблан Вазорати хориҷаи Русия гуфта буд, ки Маскав ҳафтаи гузашта пешниҳодҳои худро дар бораи пешнависи санад бо матни дақиқ ба Украина супурдааст, вале то ҳол посух нагирифтааст.
Машваратҳои Русия ва Украина авохири моҳи феврал оғоз шуданд: ҳайатҳо дар Беларус ду мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, ки пас аз он тасмим гирифта шуд, онҳо ҳар рӯз тавассути видеоконфронс идома ёбанд.
Охири моҳи март ҳайатҳои вакилон дар Истанбул даври навбатии гуфтушунидро барпо карданд. Дар натиҷа Мединский гуфт, Украина пешниҳодҳои хаттии худро барои бастани паймони оянда ироа кардааст, ки Маскав онро як қадаме ба пеш медонад ва дар маҷмуъ Киев барои нахустин бор дар тӯли солҳои тӯлонӣ майл ба музокира кардааст.
Русия дар посух ба сӯйи Украина ду қадам гузошт. Аввалан тасмим гирифта шуд, ки амалиёти ҷангӣ дар самтҳои Киев ва Чернигов ба таври назаррас коҳиш дода шавад.
Дувум, Маскав пешниҳод кард, ки мулоқоти президент Владимир Путин бо Владимир Зеленский ҳамзамон бо қабули созишнома аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шавад.
Аммо баъдан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Украина аз пешниҳодҳои худаш сарпечӣ ва иғвоҳои зиёде эҷод мекунад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, Украина тарҳи тавофуқномаи худро бо Русия пешниҳод кардааст, ки дур аз муҳтавои нишасти Истанбул дар мавриди Қрим аст ва ҳамчунин муқаррароти машқҳои низомиро бидуни зикри зарурати гирифтани ризоияти Русия тағйир додааст.